Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент омӯзиш ва шарҳу тафсири нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оғоз шудааст.
Аз ҷумла, дар ҷамъомади ҳизбиёни шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дода, таъкид намуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хоса табақаи эҳтиёҷманди он, дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи хоса дорад ва дар ин замина соли равон зиёд намудани маоши омӯзгорон, мақомоти маъмурӣ ва қисми нафақагирон пешбинӣ шудааст.
Омӯзиш ва шарҳу тафсири Паём дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад.