Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Аксияи “Роҳ ба сӯи дониш” доир гардид.

Таҳти ҳамин унвон дар арафаи соли нави таҳсил бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бобати дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва оилаҳои камбизоат аксия доир намуд.

Ба ин амали хайр Кумитаи иҷроия вакилони маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб, аз ҷумла соҳибкоронро ҷалб намуда, даҳҳо фарзандони оилаҳои камбизоатро бо сару либоси мактабӣ ва ҷиҳози таҳсил таъмин намуд.

Аз ҷумла, 8 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманди се маҳаллаҳои шаҳр Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ деҳаи Ғӯсар ва Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб пазироӣ шуда, ба онҳо либоси мактабӣ ва дигар лавозимотҳои мактабӣ тақдим карда шуд.

Дар аксияи баргузоргардида раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода тӯҳфаҳоро ба толибилмон тақдим намуда ба онҳо дар таҳсилашон барор хоста, таъкид намуд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз сиёсати ғамхоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати чунин оилаҳо сарчашма мегирад

Баргузории аксия идома дорад.

Мудири шӯъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент М. Тоҷиева

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *