Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: АНДЕША. ИҶЛОСИЯ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ВА ТАҚДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард.

                                                                                                       Э.Раҳмон

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди муваффақиятҳои 31-соли давлатдории навини Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз ҳамин Иҷлосия сабаб шуд, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро дар шароити бениҳоят вазнин бар дӯши худ гирад.

         Дар  шароите, ки  Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад замони бесарусомониҳо, ҷанги бародар бо бародар, куштору ғоратгарӣ, дуздиву қаллобӣ дар он замон ҳукмфармо буд.

         Рисолати меҳандӯстиву хештаншиносӣ, сиёсати дурбинона ва ҷавонмардиву   худогоҳии фарзанди фарзонаи миллат Ислоили Сонии халқи тоҷик Эмолмалӣ Раҳмон  бо ҷоннисориву  талошҳои бо маврид тавонист, ки  қолаби бедодгариҳоро шикаста халқи парешонро сарҷамъ намуда, мулки порагаштаро ба биҳишти рӯи замин Тоҷикистон мубаддал кунад

         Маҳз ҷасуриву мардонагии ин абармарди роҳи сиёсат буд, ки гурезаҳоро ба Ватан баргардонд.

       Хиради азалии ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки сулҳи сартосари дар Тоҷикистон ҳукмфармо шуд.

         Месазад, ки мақому манзалату нақши Иҷлосияи тақдирсозро бо идҳои дигари давлатӣ баробар дониста, санаи 16-ноябро рӯзи таваллуди 2-ум бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазирем.

         Воқеан  дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

             Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузурге буд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик бе ҳамто аст мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем.

Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл  намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *