Маълум аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террориста аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун мухдмтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дани мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротӣ вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд. Ҳайдаров Некрӯз – узви фаъоли ҳизб
Рубрики