Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: АНДЕША.

 Мо ҳомиёни Ватан Эй Ватан, эй ҳадяи бе миннати Яздони пок, Ман ба домони намозият ибодат мекунам. Ватани аҷдодиамонро дӯст доштан халқи худро дӯст доштан ва ба таърихи он эҳтиром гузоштан мебошад. Ватанро бузургони мову Шумо ба мо мерос мондаанд. Вазифаҳои ҷонии мо ин аст, ки арзишҳои миллиро эҳтиром намоем, тамаддунсоз бошеш, чеҳраҳои мондагори гузаштаи худро ҷовидона нагоҳ дорем, ваҳдатсаро бошем, ба қадри ҷоннисориҳову қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем. Ватанро интихоб намекунанд, балки барои ояндаи вай оромиву тараққиёташ масъулият мебаранд. Чӣ тавре, ки ҷисми одам ҳангоми ба ҷон ҳамроҳ будан зиндагӣ менамояд, ҳамин тавр ҳар яки мо ҳамон вақт аз ҳаёт баҳрабардорӣ менамоем, агар ба халқи худ ва Ватани худ якҷоя бошему барои пешрафти он кору фаъолият барем. Ватан муаззам аст, Ватан ҳақиқат аст, Ватан имону виҷдон аст. Имони мустаҳкам ватани обод, виҷдони пок хизмат ба халқи худро инъикос мекунад. Имруз мо насли наврасро зарураст, ки орзишҳои таърихии миллиамонро эҳтиром намуда, барои фардои офтобии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон камари ҳиммат бубандем. Мутассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар самти сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳанӯз мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Сабаби асосӣ, паст будани ҳисси Ватандорӣ ва беэътибории падару модар дар ин самт аст. Аллакай ба қабул шудани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз бисёр волидон аз хоби ғафлат бедор нашудаанд. Дар маъракаи муҳуми даъвати ҷавонон баъзе падару модарон фарзандонашонро бо ҳар роҳ ба давлатҳои хориҷ гурезонида, худро моҳи беайб медонанд. Оё бо чунин муносибат метавон, арзишҳои миллиро эҳтиром намуд, метавон дар поянда нигоҳ доштани Истиқлолияти меҳан нақш гузошт?. Албатта не! Биёед- ҷонфидои ин миллат бошем! Биёед – нагузорем аҷнабие пойи худро ба ин марзи номус гузорад! Биёед – дар паҳлӯи Пешвои муаззами худ истода бозҳам ин марзи муқаддасро ободу зебо кунем ! Тоҷикистон хонаи мост обрӯи мост, ифтихори мост ! Ман Ватан гуфтаву бо номи Ватан мемирам ! Шириншоҳ Нуруллоев – Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *