Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия, намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳр, қисми ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр, Шӯрои ҷанговарони байналмилал, омӯзгорони дифои ҳарбӣ, даъватшавандагон ва сарбозони хидмати ҳарбиро ба ҷо оварда дар мавзӯи “ Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” сӯҳбати мизи мудаввари телевизионӣ баргузор шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар оғози сӯҳбат дар бораи нақши артиши миллӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, марзу буми кишвар, зарурати тақвияти тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ сухан карда, таъкид намуд, ки ин мавзӯъ дар фаъолияти тарғиботии Кумитаи иҷроия ҷойгоҳи хоса дорад.

Иштирокчиёни сӯҳбат фикру мулоҳизаашонро дар бораи ғамхорию таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат, шароити хидмат дар сафи артиш, таасуроташонро аз бозбид аз қисмҳои ҳарбӣ, вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон, зарурати такмили таълими дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ нақл намуданд ва даъватшавандагон омодагиашонро ба хидмати ҳарбӣ изҳор дошта, аз ҳамсолонашон даъват карданд, ки ба Модар – Ватан содиқона хидмат намоянд.

Сӯҳбати мизи мудавар аз тариқи симои маҳаллӣ намоиш дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *