Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Бардошт аз Паёми Пешвои миллат АНДЕША :

” БАХИЛИ НАКУНЕД ТАРБИЯ НАМОЕД” аз Паём Оре, ҷавонон нерӯи созанда ва ташаббускоранд ин нуктаи бисёр ҷолибу чашмрас, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардид, “Мо бояд ҷавононро гулчин карда, онҳоро дуруст тарбия намоем!” – гуфта баён доштани роҳбари давлат ба шумор меравад. Дар заминаи ин нукта, пеш аз ҳама эътиқоду эътимоди густурдаи роҳбари давлат ба қишри созандаву бунёдкор яъне ҷавонон рӯшану барало ҳувайдост. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон равона гардидааст. Ҳар як ҷавони содиқи ин марзу бумро зарур аст, ки пеш аз беш дар ободу пурнур намудани ин марзи муқаддас камари ҳиммат баста, паи амали намудани сиёсати созандаи садри олии мамлакат кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳем. Ман як ҷавони хушбахти зодаи даврони истиқлол ифтихор аз он мекунам, ки сулҳу суботи бомароми кишвари офтобрӯяамон – Тоҷикистони нозанин имрӯз чун нигине дар қалби Осиё дурахши оламгир дошта, пайваста паи амалисозии ҳадафаҳои пешбурди давлату ҳукумат қарор гирифтааст. Мо ҷавоноро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама неъматҳои бебаҳои мамлакатамон расида, дар сарсабзу хуррам намудани Тоҷикистони азиз саҳми мондагор гузорем. Хизмататро эй Ватан ман бо дилу ҷон мекунам ! Шириншоҳ Нуруллоев – Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *