Рӯзи гузашта бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар толори варзиши муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳр мусобиқа оид ба волейбол байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии шаҳр оғоз шуд.
Мудирони шӯъбаҳои Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев ва Қобилҷон Ҷалолов дар маросими ифтитоҳи мусобиқа оид ба таърих ва нақши Парчами миллӣ чун яке аз муқаддасоти давлат сухан карда, иштирокчиёнро бо низомномаи озмун шинос намуданд.
Мусобиқа се рӯз идома ёфта, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия қадрдонӣ карда мешаванд.