Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Бахшида ба ҷашни Ғалаба

                                    

          Бо ибтикори  роҳбарияти осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки ҷанговарони байналмилал, кормандони осорхона, омӯзгорону хонандагон ҳамоиш баргузор шуд.

             Сарвари осорхона Мақсуд Мизробзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Улуғбек Ҳусейнов ва дигар иштирокчиён дар бораи аҳамияти ғалаба бар фашизм, саҳми зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакент, дар он, сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани собиқадорони ҷанг ва онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, расидан ба қадри сулҳу салоҳ дар ҷомеа  сухан карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *