Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Ба ифтихори ҷашни Наврӯз

                                      

          Бо ибтикори устоди варзиш, номзади илми педагогика ва рӯзноманигор Неъматҷон Комилов ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори шоҳмоти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 байни донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми шаҳр  оид ба ин варзиши ақлӣ мусобиқа баргузор шуд.Дар он 35 нафар аъзоёни фаъоли  маҳфилҳои шоҳмот ширкат намуда, байни ҳам маҳорат санҷиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа нӯҳ нафар аз рӯи синну сол соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ дониста,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Қобилҷон Ҷалолов ба онҳо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияро супорид.Зимнан, устод ва собиқадори варзиш Неъматҷон Комилов дар маҳфили шоҳмоти МТМУ № 71 ба даҳҳо нафар хонандагон асрори ин варзиши қадимаро меомӯзад. Шогирдони ӯ пайваста дар мусобиқаҳои  шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *