Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ : БА ТЕРРОРИЗМ НАФРАТ ДОРАМ АНДЕША:

Мо дар даврони тинчу осоишта зиндагонӣ мекунем. Дар чунин замон касе,ки пайи ободихои диёри азизамон кушиш намояд инсони хакикиву самими ба хисоб меравад. Ба мо мардуми кишвар ва берун аз он малум аст,ки задухурдхою махалгароихо нагузошт ,ки мо ба таври оди сохиби давлатдори гардем.Дар он солхо чанги шахрванди ва хоробихои он, торикиву ноумеди хамаро махф намуда буд.Халк хакикатшиносу хакикатпарвар ва вокеиятбин аст.Аз ин чост,ки имруз халки точик фарзанди фарзонаву гамхори хешро бо камоли эхтирому эътикод Пешвои миллат ном мебаранд ва ифтихорманд аз онанд, ки чунин бузургмарде тамоми точикони чахонро пушту панох гардидаву сулху вахдати оромиро дар кишвар овард. Мо имруз дар фазои сулху оромии кишвари азизамон Точикистони бихиштосо умр ба сар мебарем.Аз чунин дастовардхои истиклолият шукргузор хастем,зеро ин хама корзорест,ки Асосгузори сулху вахдати милли, мухтарам Эмомали Рахмон дар он бенихоят корнамоихо намуда. Омили пешравихои инсон дар тамоми даврахои зиндаги, чавони ба хисоб меравад.Олитарин нуктаи хар чиз дар чавони вусъат мегирад,аз инру метавон гуфт,ки чавони бехтарин даврони зиндагони аст.Чавонони мо зери гамхори давлату хукумат карор доранд. Махс чавононро неруи созанда ва пешбаранда номидани Сарвари давлат ,ин шаходати такя ба ин кишри чомеа мебошад.Имруз чавонони мо бахри пешбурди чамъият ва давлат саъю талош намуда ,ояндаро бояд бо диди нек бахо диханд.Албата мафкураи замони имруза нишонаес,ки чахон дар авчи тараккиёт карор дорад.Аз талошхои чавонони пешсаф метавон пай бурд,ки эшон дар хама самти пешравию ободкори фаъолият нишон дода истодаанд. Имруз масъалаи ташвишовари чахон ин шомилшавии бархе аз чавони гумрох ба хар гуна хизбу харакатхои тундгаро ва ифротгарои мебошанд. Хочагони бадхох аз мафкураи тозаи чавонон суистифода намуда, онхоро барои корхои зишту нохалаф,банд месозанд,бо ин гуна рафторашон ба миллату давлат хатари калон меоранд. Дар рохи тахкими амну субот бетарафи зохир намуда, садхо хонаводаро вайрону садхо модаронро аз фарзанд чудо месозанд.Модарон бо умеди зиёд тифлро ба дунё меоранд,бо сад умед мехрномаи худро бахри тарбияи дуруст равона мекунанд,аз шири сафед нуш намуда бо нияти покиву сафеди ояндаи фарзандро бунёд мекунанд.Ягон падару модар ва омузгор намехохад дастпарвараш рохи хаторо пеша намояд.Боре барои супоридани шиноснома ба шуъбаи шиносномадихи рафтам.Рости бо баробари ворид гардиданам чашмам ба тахтаи дар девор насбгардидаи пур аз расмдошта афтод.Ором наздики он шудам ,бовар кунед хисси ногувор эхсосотамро фаро гирифт,чи кадар чавонону бонувони гумрохгашта.Хар якеро аз назар гузаронидам ,олами торик вучудамро фаро гирифт,зеро сину соли бархе холо гули нимшукуфта ва бо ин ба хор мубадалгашта. Афсус ба номи чавони хондам,бо чи максад умри азизи хешро сарфи чунин корхои зишт сарф намудаву дур аз ватану модар дар кадом холат карор дошта бошанд?Дар мулки чангзадаи Сурияву Ирок фирор намуда ба хизбу харакатхои террористиву экстремести аъзо гардидаанд.Имруз ахволи эшон чи бошад, ба чи хол гирифторанд ба касе малум нест.Аз умри азизи хеш даргузашта бошанд,ба касе гулому побанд ё асир гардида дар даст ярок касди чони мардуми бегунохро дошта бошанд?Сари ин андеша вокеаи оилахои ноком ва аз дидори падару модар, хохару бародар махрум гаштаи ин чавононро тасавур намоем,холати нокомиву зиндачудои ва зарбахои ногуфта касро ба нафрат меорад. Ин зухуроти номатлуб имруз дар чахон дар чои аввал меистад.Моро зарур аст барои пешгирии чунин ходисахои ногувор худро дар канор нагирем,кушиш барои пешгирии ин падидаи номатлуб ва доги руз якчоя ,ахлона мубориза барем,зеро оромиву осудагии кишвари азизамон вазифаи мукаддас ва аввалиндарачаи хар яки мо ба хисоб меравад. Зиндаги корвонест,ки хамеша ба пеш дар харакат аст ва бояд ин харакат омили пешрави бошад,мухориба факат тадбири некиву накукори ва рохи росту бунёдкори хохад буд. Ба тамоми чавонони азиз гуфтаниям:Тамоми инсонхоро дар дунё мехнати халол росткавли метавонад мувафак гардонад,аз мактабу муассиса дур набошед,доим ба суханони волидон ва омузгор диккати чидди дода,ба мутолиаи китобхои бадеи машгул гардидад,аз истифодаи телефони мобили дар канор бошед,ояндаи худро бо диди нек ва шодкомихои шахди чавони бунёд созед. Яҳёева Миҷгона – муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *