ИЗҲОРОТ: Воқеаҳо хунине, ки шоми дирӯз дар Ворух бо айби ҷониби Қирғизистон рӯй дод, ҳамаи ҳизбиёни Панҷакентро чун тамоми ҳамватанон ба изтироб овард.
Чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Қирғизистон- ин ҳамсояи пархошгар ва иғвогару ҷангҷӯи мо ба ин иғво хуб омодагӣ дидаанд , то қасди мағлубияташонро дар даргириҳои гузашта ҷуброн намоянд. Онҳо шояд ташвишҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди вазъи сарҳад бо Афғонистони толибонӣ низ ба назар гирифтаанд. Ҳамчунин ин иғвогарӣ бори дигар собит намуд, ки бо ин ҳамсояҳои намакношинос бо забони дипломатия сухан кардан ба ҳован об кӯбиданро мемонад. Онҳо танҳо дасти зӯрро писанд мекунанд ва танҳо баъди мағлубият ба муросою мадоро маҷбур мешаванд. Ҳар чи қадар ҳалли масъалаҳои баҳси сарҳадӣ тӯл кашад онҳо боз ҳам ба иғво даст мезананд. Ҳамчунин мақомоти Қирғизистон бо роҳандозии ин иғво таваҷҷӯҳи шаҳрвандонашро, ки ҳоло истеъфои роҳбарияти ҳукуматашонро талаб доранд, аз ин масъала дур андохтан мехоҳанд.
Ҳамсояҳои пархошгар набояд таҳаммулгароии ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳамеша аз роҳи муросою мадоро, ҳамзистии осоишта, дипломатия бо ҳамсояҳо кор мегирад, чун нишони заъфу нотавонӣ арзёбӣ намоянд ва бо ин гуна амалҳои ҷинояткорона моро ба андешидани чораҳои муассир ва ҷавоби саркӯбгарона водор намоянд.
Бовар дорем, ки онҳо бо чунин иғвогариҳо ба мақсади нопоки худ намерасанд. Ворух барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ марзи номус аст ва ҳизбиёни Панҷакент омодаанд бо баҳои ҷон ин марзу буми муқаддасро ҳимоят намоянд.