Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ганҷофарони “Зарафшон”

Конфронси ҳисоботӣ- интихоботии кумитаи иҷроияи ибтидоии Корхонаи муштараки “Зарафшон” бо иштироки муовини раиси ҲХДТ Асрорзода Латиф Қурбон, раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва вакилони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор шуд.

Дар ин коргоҳи азими саноатии кӯҳкории мамлакат зиёда аз ду ҳазор нафар машғули кор буда, 1413 нафари онҳо аъзои ҳизб мебошанд. Ба ин маънӣ, ҳизбиён дар ҳама самтҳои фаъолияти коргоҳ нақши бориз доранд ва амалан дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат- саноатикунонии босуръати кишвар, саҳм мегузоранд.

Дар ин бора дар ифтитоҳи маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ раиси кумиҷроияи ибтидоӣ , муовини директори генералии корхона Ҳаким Ашӯров ва ҳисоботи кумиҷроияи ибтидоӣ, ки онро муовини раиси кумиҷроияи ибтидоӣ Шералӣ Юсуфов қироат намуд, батафсил сухан рафт. Аз ҷумла , таъкид шуд, ки давоми якуним соли охир дар фаъолияти кумиҷроияи ибтидоӣ ҷиҳати сарҷамъ намудани ҳизбиён, ташкили чорабиниҳои гуногун, роҳандозии хонишҳои сиёсӣ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии деҳоти атроф корҳои зиёде ба ҷо оварда, ҳуҷраи ҳизбӣ бо ҳама аснод ва таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуд. Зимнан, намояндагони кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятӣ то оғози конфронс аз он дидан намуда, баҳои баланд доданд.

Дар ҳисоботи кумиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ба хотири роҳандозии густурдаи корҳои тарғиботӣ, ба аъзоёни ҳизб ва аҳли ҷомеа фаҳмонидани мӯҳтавои сиёсати Ҳукумати кишвар, масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии мамлакат ва ҷаҳон ва ба ин кор ҷалб намудани сиёсатшиносону олимони варзида дар назди Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятию шаҳрии ҳизб ниҳод ва хазинае таъсис дода шавад. Ин кор дар огоҳии бештари аъзоёни ҳизб ва ҷомеа ба масъалаҳои муҳими рӯз, раҳнамоии онҳо дар олами иттиллотии беҳудуд, ки ҳоло мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд, амнияти иттилотии мамлакат саҳми муҳиме хоҳад гузошт.

Музокирачиён низ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар истифодаи бештар ва васеътари захираҳои зеризаминии ҳудуди Панҷакентро ба миён гузоштанд.

Иштирокчиёни конфронс нақшаи фаъолияти кумиҷроияро барои нимсолаи дуюми соли равон, ҳайати кумиҷроия ва раёсати онро тасдиқ намуда, Ҳаким Ашӯровро раиси кумиҷроияи ибтидоӣ ва Шералӣ Юсуфовро муовини озоди раиси кумиҷроия ва ба конфронси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти шаҳрии ҳизб вакилонро интихоб намуданд.

Муовини раиси ҲХДТ Асрорзода Латиф Қурбон барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ба раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизб Ҳаким Ашӯров сипосномаи кумиҷроияи вилоятии ҳизбро тақдим карда, фаъолияти кумиҷроияи ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои беҳдошти фаъолияти он, ба корҳои ҳизбӣ бештар ҷалб сохтани ҳизбиён,баланд бардоштани нақши ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия маслиҳатҳои судманд дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *