Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Дарси тарбиявӣ: эҳтиром ба парчам

Хонандагони синфи панҷи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистонро дар дарси тарбиявӣ таҷлил намуданд.

Дар ин дарс омӯзгор Р. Лутфуллозода ва сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Муҳаммадтоҳир Мухторов дар бораи таърихи парчамдории миллати тоҷик, яке аз рамзҳои давлатдорӣ будани он, эҳтирому арҷгузорӣ ба парчам ба хонандагон нақл намуданд.

Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ дар таълимгоҳ ҷамъомади тантанавӣ доир шуда, байни хонандагони бозии “Офарин” баргузор карда шуд.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *