Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Дар байни мардум

Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳайати мудирони шуъбаи кор бо кадрҳо Мастона Муродзода , шуъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва шуъбаи умумӣ Мартаба Эшмуродова дар ҳамкорӣ бо кормандони тиб дар мавзеъҳои серодами шаҳр ба сокинон дар бораи пешгирии амрози вогир сӯҳбат намуданд

Дар ин сӯҳбатҳои сарироҳӣ онҳо ба ҳамсӯҳбатон варақаҳои тарғибтӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дода, таъкид доштанд, ки ҳарчанд ҳоло гирифторӣ ба бемории вогири коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст, вале қоидаҳои беҳдоштӣ , тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, этиёткорӣ дар истеъмоли хурокаи зуд вайроншаванда бояд аз ҷониби ҳар нафар риоя шавад.

Бо оғози мавсими гармо Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо кормандони тиб корҳои тағиботиро ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва боло бурдани маърифати санитарӣ бештар роҳандозӣ менамояд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *