Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ДАР БАРРАСӢ -НАТИҶА ВА ВАЗИФАҲО

 Дар ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки субҳи имрӯз доир шуд, дар заминаи раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои фаъолияти як идда ташкилоту муассисаҳо дар соли гузашта ва вазифаҳо барои соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Нахуст комиссари ҳарбии шаҳр А. Абдуллозода дар бораи натиҷаҳои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ гузориш дод. Ба комиссияи шаҳрии даъват ба хидмати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот дастур дода шуд, ки аз ҳоло барои дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ чораҳои амалӣ андешида, корҳои тарғиботии густарда роҳандозӣ карда шавад. Баъди шунидани гузориши мудири шуъбаи умумӣ , назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр Х. Фатҳуллозода оид ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвадон, иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти марбутаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати таҳия ва насби шиору овезаҳо, нақшаи бунёди боғҳои нав, истифодаи заминҳои бекорхобида,омода намудани иншооти обрасон ба мавсими нав ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз дастур дода шуд. Раиси шаҳр дар идомаи маҷлиси назоратӣ натиҷаҳои фаъолияти як қатор соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, кор бо занон ва оила, ноболиғон, омодагӣ ба мавсими кишт, маъракаи ниҳолшинонию сабзгардонӣ, саҳмгузории ҳизбиён барои бунёди бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва ғайраро баррасӣ намуда, барои ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта ба масъулин супориш дод. Бардошт аз сайти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *