Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Дар роҳи татбиқи ҳадафҳои Паём

Ин навбат дар ҷамъомади аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар сухан рафт. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев ва сарвари осорхона, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Мақсуд Мизробзода нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар шуда, аз рафти татбиқи он мисолҳои мушаххас оварданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба рағми мушкилоте, ки хуруҷи пандемияи коронавирус дар иқтисоди ҷаҳон пеш овард, дар мамлакати мо бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, ҳазорҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *