Истифодаи босамари замин, рӯёнидани ҳосили фаровон дар заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вазъияти муташанниҷи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон аз масъалаҳое буд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён доштанд.
Дар ҳамин замина ва тибқи дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки сокинонаш аз ҳар ваҷаб замин босамар истифода менамоянд ва дар ин кор таҷрибаи ғанӣ доранд, боздид намуданд. Деҳқонони деҳа ба даъвату вазифагузориҳои Пешвои миллат бо кори амалӣ ҷавоб мегӯянд.
Даҳҳо нафар ин ҷо дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули меҳнат буданд. Амалан дар ҳар ҳавлӣ дар гармхонаҳои муваққатӣ ниҳолҳои кӯчатии помидор, қаланфури булғорӣ, қаланфур, карам ва дигар зироат парвариш мекунанд. Дар қитъаҳои кишт деҳқонон аллакай ба хишоваи сабзии барвақтӣ, ки аллакай сабзидааст, машғуланд. Сокини 76-солаи деҳа Сабоҳат Аҳмадова бошад ба ниҳолҳои лиму, ки дар гармхонааш шинонидааст, нигоҳубин мекунад. Ҳанӯз тирамоҳ онҳо заминҳои саҳмашонро шудгор намуда, пору ва хоки бегонаю хокистар мекашонанд. Аз ин ҷост, ки онҳо аз сабзавот ҳосили фаровон ба даст меоранд, бозори шаҳрро бо он таъмин мекунанд ва тоҷирони шаҳри Душанбе аз сари замин маҳсулоти истеҳсолкардаашонро мехаранд. Имрӯз низ паҳлӯи шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ, ки Сӯфиёнро убур мекунад, дастранҷи деҳқонони деҳаро бо нархи аз бозор арзонтар дастрас кардан мумкин аст.
Ҳангоми боздид сокинони деҳа ба аъзоёни гурӯҳи корӣ-мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Қобил Ҷалолов иброз доштанд, ки онҳо чун ҳамасола аз замин босамар истифода намуда, ҳосили фаровон мерӯёнанд.