Ин субҳ гурӯҳи муштараки тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва Маркази саломатии шаҳрӣ аз маҳаллаи 10-солагии Истиқлоли шаҳр дидан намуданд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроия Қобил Ҷалолов ва Муҳаммадтоҳир Мухторов ҳамроҳи кормандони тиб аз 63 оила боздид намуда, онҳоро бо хатарҳои эҳтимолие, ки дар мавриди сироят ба бемории вогири коронавирус дар сурати нагирифтани ваксина пеш меояд, огоҳ намуданд. Баъди ин сӯҳбату огоҳкуниҳо 17 нафар сокинони маҳалла ваксина гирифтанд.Чунин боздиду сӯҳбатҳо дар ҳамкорӣ бо табибон дар ҳама маҳаллаҳои шаҳр идома дорад.
Рубрики
ПАНҶАКЕНТ: Дар ҳамкорӣ бо табибон
