Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Дар ҳошияи Паём

                                            Нақши бонувон меафзояд

             Санаи 21.12.2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Прекзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд.

             Дар Паём  бак нақши бонувон дар ҷомеа баҳои баланд дода, аз ҷумла омадааст, ки занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.Ҳоло қариб 68% кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73% кормандони соҳаи маориф, 27% кормандони илм ва зиёда аз 23% онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

    Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаи нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

    Маҳз ба  хотири баланд бардоштани мақоми зан, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарӣ, боло бурдани  сатҳи саводу маърифати онҳо дар мадди назари Роҳбари давлат  ва Ҳукумати кишвар мебошад. Ба таъкиди Пешвои миллат имрўз љомеаи мо ба кадрњои болаёќат аз њисоби занону љавонон бештар ниёз дорад. Бо ин мақсад ба мақомоти марбута дастур дода шуд, ки  Барномаи нави устувор намудани мавќеи занон дар љомеарор барои панҷ соли оянда таҳия намоянд.

                                                               Мавлуда Тоҷиева

                                                                мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ

                                                           дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *