Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Санаи 18 январи соли равон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шавкат Авецена ” маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Сараввал зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Маҷидова Фарзона шунида шуд. Баъди ҳисобот додани ташкилоти ибтидоӣ мудири шӯъбаи кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Муродзода Мастона оид ба ҷамъбасти ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шавкат Авецена ” изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар якҷоягӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созем ва барои истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем. Аз рӯи масъалаи 2- юми рӯзнома роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроия Шириншоҳ Нуруллоев оид ба самтҳои асосӣ ва муҳиму афзалиятноки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Дар охир мудири шӯъбаи умуми ва назорати Кумитаи иҷроия Эшмуродова Мартаба ақидаҳои худро доир ба масъалаи ҷорӣ баён карда, нақши ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро барои расидан ба ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти унвони ” Барои пешрафт ва зандагии шоистаи мардум” фаъолият мекунад дуруст арзёбӣ кард. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *