Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Истиқлол, ҷавонон ва Пешвои миллат

          Дар заминаи муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 30- солагии Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон ва дастури Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент таҳти ин унвон силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо ва ҳамоишҳоро бо ҷавонони донишҷӯ оғоз намуд.

             Ҳамоиши нахустин дар толори Кохи Лоиқи шаҳр бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар ифтитоҳи ҳамоиш мазмуну мӯҳтаво ва ҳадафҳои сиёсати давлатии ҷавононро дар мамлакат шарҳ дода, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои ноил шудан ба номи пайрави Пешвои миллат онҳо бояд дорои маърифати воло, андешаи солим, дониши амиқ бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба тарғиботи гурӯҳҳои ифротгаро дода нашаванд.

             Муовини сарвари коллеҷи тиббӣ Гулчеҳра Латифова ва роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Турдибой Солеҳзода таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба вазъи нобасомони сиёсии минтақа, хоса Афғонистони ҳамсоя ҷалб намуда, сиёсати давлати Тоҷикистонро нисбат ба он шарҳ доданд. Таъкид шуд, ки ҷавонон, ки ҳоло ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасии васеъ доранд, ба ахбор ва матолиби тарғиботии гуногунранги он бояд дониста, огоҳона , бо назари ақлу мантиқ ва манфиатҳои мамлакати мо  нигаранд ва баҳо диҳанд. Муҳимтар аз ин ба тарғиботи ифротӣ дода нашаванд, аз мутолиоти васеъ, дониши қавӣ ва диди сиёсии солим барои ҳимоя аз сирояти он барои худ ҷавшан бисозанд.

             Чунин ҳамоишҳо бо донишҷӯёни дигар муассисаҳои олӣ ва  миёнаи таълимӣ низ баргузор карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *