Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Конститутсия – бахтномаи миллат

         Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ворисони Синои»-и Коллеҷи тиббии шаҳр ва Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 27-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсия дар мавзўи «Конститутсия бахтномаи миллат» чорабини баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент – мудири шўъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева, мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Лутфуллоев Бурсибой, мудири шўъбаи кор бо ҷавонон Ҷалолов Қобилҷон ва сармутахассиси шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, Мухторов Муҳаммадтоҳир иштирок намуданд.

Дар конфренсия мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Лутфуллоев Бурсибой баромад намуда, қайд кард, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқўқӣ ва раҳнамои тарақиёти муносибатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаётии ҷамъиятӣ мебошад.

Инчунин мудири шўъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева баромад намуда омўзгорон ва донишҷўёнро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент табрику муборакбод намуд.

Аз тарафи донишчўён чорабинии фарҳангӣ ва фароғати баҳри болидахотирии иштирокчиён  гузошта шуд.

Дар охири чорабини ба як қатор донишҷўёни фаъол сипоснома супорида шуд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *