Ин маънӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо афсарону сарбозони қисми сарҳадбонии мустақар дар шаҳри Панҷакент бори дигар таъкид шуд.
Дар сӯҳбат бо сарҳадбонон аз роҳи душвори расидан ба Истиқлол, дастовардҳои Тоҷикистон дар 30 соли охир, саҳми беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлол, вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон, хоса Афғонистони ҳамсоя, ҳимояи марзу буми кишвар сухан рафт ва таъкид шуд, ки ин вазифаи касбӣ, ҷонӣ ва имонии на танҳо афсарону аскарон , балки кулли мардуми кишвар аст ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ин ҷода дар сафи пеш қарор доранд.
Ба қисми ҳарбӣ як маҷмӯъ шиору овезаҳои бо тарҳи зебо омодашуда бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Воқеан, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо роҳбарият ва ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ҳудуди шаҳр робитаю ҳамкории пайваста дорад ва чунин мулоқоту суҳбат ва боздидҳо зуд-зуд сурат мегиранд.