Оғози ҳафта чорабинӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён, Хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат”, Ҷамоати деҳоти Фароб, Литсейи касбӣ – техникии шаҳр ва Маркази саломатӣ идома ёфт.
Ҳангоми таҳлил кормандони Кумитаи иҷроия, аъзоёни Ситод бо ҳуҷҷатҳои муҳосибот шинос шуда вазъи супоридани аъзоҳаққӣ дар ин ташкилотҳо ва гардиши аъзоёни ҳизбро таҳлил намуданд.
Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сармуҳосибон дастурҳои зарурӣ дода шуд.