Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардид

Дар толори хурди Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки аъзоёни Раёсат, Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб ва ҷонибдорони ҳизб маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Саидов Фирдавсхон- мудири шўъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исроилзода Назира-мутахассиси пешбари шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент иштирок намуданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Парвина Тошева оид ба фаолияти Кумитаи иҷроия дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҳизб, баргузор намудани Конференсияҳои ҳизбӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, такмили ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳандозии аксияи «Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман», гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ, ташкили ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногун оид ба таҷлили ҷашни бузурги миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Ашўров Алиҷон – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази дилшиносӣ», Бобокалонова Шифо – собиқадори ҳизб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба музокира баромада ба фаолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввали соли 2021 баҳои хуб доданд.

Инчунин, ба ҳайати аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроия тағйиротҳо ворид карда шуд.

Саидов Фирдавсхон- мудири шўъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни баромад ба фаъолияти шашмоҳаи аввали Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ баҳои хуб дода, ҳамзамон барои таҳкими минбаъда дар ҷодаи кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвияти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, ҷоннок намудани фаъолияти «Кибер дружиначиён», вокуниши саривақти бар зидди хабарҳои муғризонаи хоинон ва душманони миллат дар байни ҷавонон, вусъат бахшидани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, қабули сифатноки аъзоёни ҲХДТ, саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2022 дастурҳо дод.

Маҷлис аз рўи ҳаммаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *