Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Маҷлисҳои ҳисоботӣ идома меёбанд

          Омӯзгорон- ҳизбиёни  мактаби санъати шаҳри Панҷакент дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти онро дар семоҳаи сеюми соли равон баррасӣ намуданд.Аз ҷумла , таъкид шуд, ки аъзоёни ҳизб баробари ифои вазифаи хидматӣ, тибқи барномаи таълимӣ ба роҳ мондани тадриси ҳунарҳои зебо , дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол ҳастанд, дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ фаъолона иштирок менамоянд, ҳар моҳ машғулиятҳои хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз доир мешавад, ҳизбиён дар пардохти ҳаққулузвият, таҳияи ҳисоботҳо фаъол буда, ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тибқи оиннома роҳандозӣ шудааст.Мудири шӮъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода дар ҷаласаи ҳисоботӣ сухан карда, барои беҳдошти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд дод.Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ тибқи нақша идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *