Рубрики
Last News

ПАНҶАКЕНТ: МОНДА НАБОШЕД, БИБИ ДАВЛАТМО!

Ҳангоми боздиди гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Ворӯ ва мулоқот бо сокинон дар деҳаи Панҷруд таваҷҷӯҳи онҳоро зани пиронсоле ҷалб намуд, ки дар замини кишт ҷунбуҷӯл дошт. Ӯ сокини 90- солаи деҳаи Панҷруд Давлатмо Мухторова аст, ки бо вуҷуди солмандӣ ҳанӯз бардам аст ва бекор истода наметавонад. Ба ин хотир ба аҳли хонаводааш дар кишту кор, аз ҷумла парвариши ниҳолҳои кӯчатӣ, ёрӣ мерасонад ва маслиҳат медиҳад. Ин бонуи барнодил сабаби дарозумрию бардамиашро дар меҳнат мебинад. Дар мулоқот бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ ва Вору , хонандагони муассисаҳои таълимӣ муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева, мудирони шӯъбаҳо Мавлуда Тоҷиева ва Қобил Ҷалолов ин мулоқоташонро бо бибӣ Давлатмо мисол оварда, онҳоро ба меҳнат, корҳои шоиста барои таъмини рӯзгор, истифодаи босамари замин, тарбияи дурусти фарзандон даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *