Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Мо бо шумоем, Пешвои муаззами миллат

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ки баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт, бо иштироки доираи васеи фаъолони ҲХДТ бо тантана таҷлил карда шуд.

Дар оғози ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ба ҳамсафон аз нақш ва ҷойгоҳи ин мақоми олии давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, хидматҳои мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, мақоми кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги ободонӣ сухан гуфт. Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода муҳтавои боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки вазифаю салоҳиятҳои ин мақоми олии давлатиро муайян намудааст, ба ҳозирин шарҳ дода, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони навин бузург ва носутуданӣ арзёбӣ намуд.

Собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншо Шафоатов, собиқадори хидмати давлатӣ ва ҳизб Маҳбуба Ҳабибӣ, роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Турдибой Солеҳзода, омӯзгори МТМУ № 71 Улуғбек Ҳусейнов, вакили маҷлиси вилоятӣ Муҳаммадмурод Сафаров ва дигарон мулоҳизаҳояшонро дар бораи хидматҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо баргузор намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ таҷлил карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *