Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: МӮҲТАВОИ ПАЁМ БО ТАБИБОН

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати мо мебошад. Фаъолияти пурсамари он аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаи навин таҷассум меёбад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” оид ба таҳлили нуктаҳои меҳварии Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид, ки дар рафти он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Мурод Шукурзода қайд кард, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба халқи заҳматпешаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву бунёдкорона барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем, ки ин рисолати азалии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин дар рафти сӯҳбат оид ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сани 10 – уми декабри соли ҷорӣ бо шукуҳу ҷалол ҷашн гирифта мешавад, сухан рафт ва қайд гардид, ки яке аз самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин росто, ҷалби аъзо ва ҷонибдоронаш ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу давлатӣ, пос доштани хотираи неки гузаштагони худ, аёдати оилаҳои камбизоат, ниёзманд, барҷомондагон, собиқадорон ва зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони донишманд, хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар ва ташаббускору бунёдкор ба ҳисоб меравад. Дар интиҳои маҷлис ба 4 нафар пешсафони соҳаи тандурустӣ Шаҳодатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бо ҳамин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтааст, ки сафи аъзову ҷонибдорони ҳизбро аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва пешқадами шаҳр пештару бештар намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *