Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: НОМИ ОНҲО ҶОВИДОНИСТ…

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин субҳ гурӯҳи аъзоёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” бо раҳнамоии мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов ба зиёрати мадфани хуфтагони қабристони Оромгоҳи “Сари камар”-и шаҳри Панҷакент омаданд. Мадфани даҳҳо нафар собиқадорони ҷанг низ ин ҷо аст. Онҳо ба рӯҳи гузаштагон дуо фиристоданд ва ба кор пардохтанд. Ҳарчанд ин хокҷои ҳамдиёрон бо кӯшиши муассисаи манзилӣ- коммуналии шаҳр ва бастагони аҳли қубур пайваста тозаю озода нигоҳ дошта мешавад, барои ҷавонон низ имрӯз кор ёфт шуд. Онҳо роҳравҳо ва атрофи мадфани хуфтагонро тозаю озода намуданд, об заданду рӯфтанд, партовҳои ҷамъшударо бароварданд. Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст бо ҷалби ҷавонон чунин аксияҳоро дар дигар минтақаҳои шаҳр низ баргузор намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *