Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Осорхона фаъолияти шоиста дорад

         Дар толори пазироии муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Панҷакент” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” -и баргузор гардид.

         Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳобов, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ширкат карданд.

         Дар маҷлис ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” дар солҳои 2021-2022, нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва вакил ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии шаҳрӣ баррасӣ шуд.

          Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” М. Мизробзода оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода иброз кард, ки аъзоёни ташкилот мувофиқи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта. кӯшиш менамоянд, ки дар оянда ҷиҳати татбиқи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва дастуру супоришҳои  Пешвои миллат,Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намоянд. Аз рӯи масъалаи мазкур аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, фаъолияти онро қаноатбахш шумориданд.

         Дар рафти маҷлис нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардида, М. Мизробзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ва вакил ба Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии шаҳрии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент интихоб карда шуд.

          Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдусабур Абдуваҳобов ва мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева суханронӣ намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” -ро баҳои қаноатбахш шумориданд.

          Дар ин бора дар саҳифаи  осорхона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Мақсуд Мизробзода хабар интишор намудааст.

Конец формы

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *