Рубрики
Асосӣ

Панҷакент Пайрави мактаби давлатдории Пешвои миллатем

         Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар аснои сафар ба вилояти Суғд дар таърихи 9-12 августи соли равон ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон  баён доштанд,   санаи 30.08.2022  дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини раиси шаҳри Панҷакент  Нақибӣ Парвина, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент Сафарав Сироҷ, муовини Прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 3 Назарзода Саидалӣ ва Комиссари Косиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент, подполковник  Абдуллозода Абдулло бо ҳузури роҳбарони ташкилоту идораҳо, ходимони дин, ҷавонон, фаъолони ҷомеа ва васоити ахбори омма чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

         Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки имрӯз мо дар остонаи арафаи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ҳоло вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои миллиро ҳифз ва дастовардҳои даврони Истиқлолиятро таҳким бахшида ҳомии сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар бошем.  

         Дар чорабини муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ оид ба  дастовардҳои замони истиқлол ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ намуд. Дар чорабинӣ  сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент Сафаров Сироҷ дар мавзуи ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солими ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирии  шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша намуда,вазъи сиёсии имрӯзаро бо мисолҳо таҳлил намуд.

         Дар идомаи чорабинӣ муовини Прокурори шаҳр Назарзода Саидал Комиссари, Комиссарияти ҳарбии шаҳр полполковник Абдуллозода Абдулло низ пиромуни мавзуҳои дар боло зикршуда баёни андеша намуданд.

        Аз ҷониби иштирокчиёни дар толор ҳузурдошта  омузгори Коллеҷи тиббӣ   Норова Нозира , омӯзгори ДОТ дар шаҳри Панҷакент  Равшанов Шамс ва сархатиби масҷиди шаҳр Ғаффоров Муҳаммадамин доир ба мавзуҳои баррасишаванда аз ҷумла дӯстдории ватан, ҳурмату эҳтиром, касбомӯзии ҷавонон, иштироки фаъолона дар озмунҳо, бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии ифротгароӣ, таълими динии  ғайриқонунии дар хона, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа сухан ронданд.

         Мулоқотро раиси Кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода ҷамъбаст намуда аҳли толорро бо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд .

    Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *