Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои мо ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.  

Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд.  Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

 Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.  

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамсафон ва тамоми тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям. Орзумандам, ба бахти мо, ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Ҳар як фарди соҳибватан бояд барои пойдор нигоҳдории муқаддасоти миллӣ маҳз парчами давлатӣ саҳмгузор бошад ва барои гул-гулшукуфоии ин мулки маҳбуб, ки ӯро ном Тоҷикистон аст саҳми боризи худро гузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *