Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ПАРЧАМ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

Тоҷикистон аз мани ту бо ҳама шоду ғамат,
Парчами ту ҷилвагар дар сарзамини миллатат.
Ранги сурху сафаду сабзе, ки дар бар кардаи,
Ин нишони тақдири мардуми сарбаландат.

         Яке аз рамзҳои давлатдории мустақил барои ҳар як миллат мавҷудияти  парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору сарбаландии мо аст, ки яке аз суннатҳои дерину бостонии давлатдории мо, нишони шукўҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо дар даврони Каёниён ин дирафш ё ба ибораи дигар «Дирафши Ковиён» буд. Бозёфтҳои бостоншиносӣҳафриёти гуногун, ки то замони мо расидаанд, дурустии андешаи моро собит менамоянд.

                    То давраи суқути давлати Сосониён ба хотири ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ободиву озодӣ зери «Дирафши Ковиён» ҳазорон нафар фарзандони бузурги миллати мо ҷонсупориҳо кардаанд. Сипас, дар аҳди Сосониён парчами ниёгони мо шаклан таѓийр ёфта, ба сифати бахти иқболи накў ва ояндаи дурахшон дар он симои мурѓи ҳумо ҷойгир дода карда шуд, ки он барои давраҳои баъдинаи таърихи давлатдории миллӣ ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои аҷдодони мо хизмат кард.

                  Агар ба таърихи парчами миллии тоҷикон бо ҳусни андеша ва таври амиқ назар афканем, маълум мегардад, ки дар замонҳои қадим ҳатто ҳар як паҳлавони номвари миллати тоҷик дирафши хосси худро дошт ва тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуданд, ин андеша дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ зикр гардидааст. Аз ин хулоса бармеояд, ки тоҷикон дорои таъриху ойину суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва парчамдорӣ будаанд. Ҳамин боис гардидааст, ки дар тўли таърихи пурпечутоби миллат парчам ба сифати беҳтарин васила дар рўҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ хизмат кардааст.

                   Бо гузашти ҳазорҳо сол имрўз дар даврони таҳаввулоти азими ҷаҳони муосир парчам бо шарофати сиёсати хирадмандона ва амалҳои созандаву бунёдкоронаи фарзонафарзанди ватандўсту бонангу номуси миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан волову муқаддас табдил ёфтааст.

                  Дар ҷаҳони муосир, дар радифи дигар рамзу муқаддасот – Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ мавҷудияти  парчами миллӣ ин нишони ҳастиву соҳибдавлатӣ, истиқлолият, ваҳдату якдигарфаҳмӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки парчами давлатии Тоҷикистон ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои муҳимми фарҳангиву варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик барафрохта мешавад.

                Дар мавриди тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва муҳаббат нисбат ба парчами миллӣ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар як шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳаддиақал як парчами миллии худро дошта бошад.

Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдомоти созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонанд, васеъ истифода намоем»

               Воқеан, пешниҳоди Пешвои миллат бисёр муҳим ва созандааст, зеро аз он рўзе, ки мо соҳиби парчам гардидем, дар ҳаёти ҷомеаи тозабунёди кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайваста, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанг шароитҳои мусоид фароҳам омаданд. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодиву дипломатӣ, илмию фарҳанги Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавсеа ёфта, обрўю эътиборои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафт. Ин боис гардид, ки Парчами миллӣ мо дар радифи  парчами кишварҳои дигари олам мақоми шоистаи худро ба таври устувор устувор нигоҳ дорад, ки ин бешак мояи ифтихору сарбаландӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба миллати тоҷик мебошад ва мо бояд аз он шодкому рўҳбаланд бошем.

  Вақт аст, ки барои обрӯву нуфузи Тоҷикистони  азиз саҳми худро гузорем, фарҳанги ғании онро ҳифз намоем, муқаддасоти онро чун гавҳараки чамш эҳтиёт кунем ва барои пойдории сулҳи  ҷовидонаи Тоҷикистон ҷоннисор бошем.

               РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

Мавлуда Тоҷиева

-Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *