Ин маънӣ дар мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Хурмӣ ва Сӯҷина тавзеҳ карда шуд.
Муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода дар оғози сӯҳбату мулоқотҳо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, таъкид намуд, ки шарҳу тавзеҳи ин санади раҳнамо дар ҳама ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр идома дода мешавад.
Парвиз Шодизода ва Мурод Шукурзода дар суханрониҳояшон зикр намуданд, ки дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи тайнамудаи Тоҷикистонро дар 30 соли Истиқлол ба тафсил таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Аз ҷумла , танҳо дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ чунин сӯҳбату мулоқотҳо оид ба тафсири нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳама ҷомеаҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор мешавад.