Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Паём – оинаи ҳизбиён

 Ҳизбиёни шаҳри Панҷакент дар соли 2023 дарси нахустини “хониши сиёсӣ”- ро дар мавзӯи “Паём оинаи ҳизбиён ” аз таҳлилу мӯҳтавои нуктаҳои меҳварии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карданд. Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода оид ба нақшу мақоми Паёми Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар сухан гуфт. Мазмуну мӯҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёмро мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроия, Мутрибов Алишер таҳлил намуда илман асоснок номид. Нақши ҷавонон дар ҷомеа хело назаррас буда, мавқеи онҳо дар раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумат ва давлат баръало мушоҳида мешавад. Ин равандро дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ ” Созандагони Ватан”- и Кумитаи иҷроия, Ҷалолов Қобилҷон таҳлил намуда, ҷавононро нерӯи бузурги даврони истиқлолият номид. Маврид ба зикр аст, ки ҳафтае як маротиба дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дарси “Хониши сиёсӣ” оид ба масъалаҳои муҳими рӯз доир мегардад. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *