Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳоро оид ба шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор менамояд.
Аз ҷумла, ҳамин гуна сӯҳбат дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангал ва маркази тиббии “Шифо” баргузор шуд. Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев ва сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроия Муҳаммадтоҳир Мухторов ба ҳизбиён нуктаҳои асосии Паёмро ба тафсил тафсир намуданд. Таъкид шуд, ки ҳар узви ҳизб бояд дар татбиқи вазифаҳое, ки Пешвои миллат дар Паём гузоштаанд, бояд саҳм гузорад