Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Раҳнамо бароиташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

          Бо ибтикори   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ёрии раисон ва масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “ Дастурамали раҳнамо барои раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” таҳия ва нашр карда шуд.

         Дастурамали мазкур, ки зери назари раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, аз ҷониби мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода ва сармутахассиси шӯъба Муҳаммадтоҳир Мухторов таҳия гардидааст, бо иқтибосҳо аз суханрониҳоии Пешвои миллат, раиси муаззами  ҲХДТ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , Оинномаи ҳизб, рӯйдодҳои муҳими таърихи ҳизб оғоз шудааст.

          Аз ин раҳнамо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурии ташкилоти ибтидоӣ,  аз ҷумла, намунаи қарорҳо, аризаи қабул ба сафи ҳизб, маълумотномаҳо, ҳисоботҳо, ведемостҳо, суратмаҷлисҳо, ҳисобот оид ба фаъолият, нақшаи кори солонаи  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ошно мешаванд.

          Дастурамал  дар машварати омӯзишӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯнамоӣ шуда, ба  онҳо дастрас карда мешавад. Он   барои роҳандозии фаъолияти  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чун китоби рӯимизӣ хидмат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *