Дирӯз дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” ду нафар собиқадори меҳнат ва ҳизбиёни фаъолро бо сипосгузорӣ пазироӣ намуданд.
Дар ҷамъомаде, ки ба ин хотир баргузор шуд, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии корхона Шералӣ Юсуфов бо самимият аз сифатҳои хуби корӣ ва инсонии Муҳаммадӣ Қурбонов, ки солиёни зиёд идоракунандаи мошини азими борбардори тамғаи “Волво”- ро дар корхона ба ӯҳда дошт ва яке аз бонувони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ,корманди шуъбаи хуроки умумии корхона Раъно Исрофилова сухан кард ва ба онҳо барои заҳмати бисёрсола, иштироки фаъолона дар корҳои ҳизбӣ, тарбияи ҷавонон изҳори сипос намуд.
Ба Муҳаммадӣ Қурбонов ва Раъно Исрофилова дар анҷоми ҷамъомад, дар ҳузури ҳамкорон барои ба синни нафақа расидан сипоснома ва тӯҳфаҳоии хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тақдим карда шуд.
Зимнан, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб пайваста собиқадорон ва фаъолони ҳизбро қадршиносӣ менамояд