Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: “Созандагони Ватан” ба назди мардум мераванд

Ин субҳ гурӯҳи ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар мавзеъҳои серодами шаҳр ба сокинон дар бораи имунизатсия алайҳи бемории ҳамагири коронавирус сӯҳбат намуданд ва ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ доданд. Донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр, ки ба ин гурӯҳ шомил буданд, бо усули хона ба хона ба ҳамшаҳриҳо дар бораи мавҷи намуди нави ин беморӣ маълумот дода, онҳоро талқин намуданд, ки роҳи ягонаи эмин мондан аз он риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гирифтани ваксина аст. Зимнан, ҳанӯз нисфи аҳолии калонсоли шаҳр ба муқобили ин бемории вогир ваксина нагирифтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *