Бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент сокинони маҳаллаҳои Меҳробод, Зардолузор, Боймурод Холмуродов ва 20- солагии Истиқлоли шаҳр, ки фарзандонашон МТМУ № 71-и шаҳр таҳсил мекунанд, дар толори муассисаи таълимӣ ҷамъ омаданд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроия- муовини раис Парвина Тошева, мудирони шӯъбаҳои Кумиҷроия Мастона Муродзода, Бурсибой Лутфуллоев ва сарвари таълимгоҳ Махфират Аҳророва ба онҳо мазмуну мӯҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии зӯроварӣ дар оила, танзми анъана ва ҷашну маросимро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки ин қонунҳо ба хотири беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум, тарбияи шоистаи фарзандон ва аз байн бурдани хушунати оилавӣ таҳия ва қабул шудаанд ва иҷрои онҳо аз ҷониби шаҳрвандон шарт аст.
Дар ҷамъомад ҳамчунин таъкид шуд, ки волидон на танҳо барои таъминоти моддии фарзандон, балки тарбияи маънавии онҳо низ масъуланд ва аз ин рӯ онҳо бояд бо муассисаи таълимӣ робитаи пайваста дошта бошанд, рафтору гуфтор ва кирдори фарзандонашонро зери назорат қарор диҳанд, аз кӯдакӣ хислатҳои некро дар онҳо тарбия намоянд.