Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Сӯҳроб ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявӣ

 Ғолиби  даври шаҳрии маҳфил- озмуни  ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки бо дастури Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад,  донишҷӯи соли сеюми факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, фаъоли  ТҶҶ “ Созандагони Ватан” Сӯҳроб Зиёдуллоев  дар даври вилоятии ин озмун сазовори ҷои дуюм гашта, ба даври ҷумҳуриявии он роҳхат гирифта буд.

          Инак, аз Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабари хуш расид. Сӯҳроб Зиёдуллоев дар даври ҷамъбастии ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ  сазовори ҷои дуюм гашт.

          Ҷоиза муборак, Сӯҳроб!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *