Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот медиҳанд

         Тибқи  талаботи Оинномаи ҲХДТ  ва қарорҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб дар ниҳодҳои ибтидоии ташкилоти ҳизбии шаҳри Панҷакент маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ оғоз шуда, тибқи нақша идома меёбанд.

         Имсол ин маъракаи муҳими ҳаёти ҳизбӣ  дар Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Зуфар Исмоилзода ва кормандони масъули кумиҷроияи вилоят оғоз ёфт.

          Аз ҷумла, дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Зуфар Исмоилзода , муовини раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Бахтиёр Исматҷонов, сардабири нашрияи вилоятии ҳизбии “Сухани халқ” Абдусабур  Абдуваҳҳобов, мудирони шӯъбаи кумиҷроияи вилоятии ҳизб Фирдавс Саидов  ва Назирҷон Мирмуллоев дар кумиҷроияи ибтидоии ҳизбии Маркази саломатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, агентии минтақавии “Тоҷикстандарт” экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён, ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор шуда, ҳисоботҳои раисони ин ниҳодҳои ибтидоии ҳизбӣ шунида,  оид ба дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлисҳо  қарорҳо қабул карда шуданд.

          Дар маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ баробари баррасии масъалаҳои рӯзнома оид ба роҳандозии густардаи корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, вокуниш ба изҳороту иттилооти мухолифони низоми давлатии мамлакат, боло бурдани нуфузи ташкилотҳоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҳизбиён, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ва интизоми ҳизбӣ, иштироки фаъолонаи ҳизбиён дар раванди ободкорию созандагӣ ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон низ сухан рафт.

          Тибқи нақша дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *