Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: таҷлили 27-умин солгарди таъсиси ҳизб

Дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Адухолиқ Холиқзода, вакилони маҷлисҳои шаҳрию вилоятӣ, аъзоёни Кумитаи иҷроия ,раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси ҲХДТ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамсафонро бо ин санаи муборак шодбош гуфт. Баъдан, раиси шаҳр ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз таърихи таъсиси ҳизб, ки ғояи он аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози солҳои душвори навадуми асри гузашта пешниҳод шуда буд, роҳи тайнамудаи ҳизб тӯли ин солҳо, нақши он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлол, пуштибонии маънавию сиёсӣ аз дастовардҳои замони истиқлол, бунёди давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд, саҳми ҳизбиёни Панҷакент дар раванди бунёдкорию созандагӣ сухан карданд. Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ба 27 нафар ҷавонон, ки ба сафи ҳизб пазируфта шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, барои ҳозирин барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *