Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!

Таҳти ҳамин унвон санаи 03.11.2021 дар толори Кохи фарҳанги Лоиқ Шералӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар ҷавонон бахшидаба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид.

Чорабинӣ таҳти раёсати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Мурод баргузор гардида, дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар, Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Фаррух Зоҳидов, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонони аз хизмати Ватан баргашта, намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.

Нахуст, меҳмонон аз маҳсули дастранҷи хунармандони шаҳру деҳоти Панҷакент аз қабили дӯзандагӣ, шириниҳои миллӣ, кандакорӣ, бурёву сабатбофӣ, таъомҳои миллӣ, дастоварду ихтироот, аз ҷумла трактор ва ҷоизаҳои варзишгарон дидан намуда, барои рушди ҳунар ва лаёқатмандии ҷавонон баҳои баланд ва барои рушди ҳунармандӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Баъд аз боздид, ҳамоиши ҷавонон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода доир ба дастовардҳои ҷавонон дар 30-соли Истиқлолият, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушду камолоти ҷавонон суханронӣ намуда, ҷавононро бо ин санаи фархунда ва рўзи Конститутсия табрик намуд.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳо, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки қарзи ҳар як ҷавонмард аст, андешаронӣ намуда, аз ҷавонон даъват баамал оварданд, ки барои пойдории сулҳу суббот дар меҳан нақши муассир гузоранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ низ баромад намуда, доир ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, самти фаъолияти он, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба рушди соҳаҳои дахлдор, гаравиши ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои муҳими рўз ибрози назар намуда ба ҷавононе, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, бо сару либоси ҳарбӣ бо як ҳисси баланди Ватандорӣ ба ҳамоиш ташриф оварда буданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Инчунин, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” омўзгори Коллеҷи тиббии шаҳр Нодира Саломова дар мавзӯи “Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон”, омӯзгори Коллеҷи технологӣ- инноватсионӣ, сарбози мустаъфӣ Аслиддин Маманов атрофии мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафу ҷавонмардист” ва донишҷўйи соли дуюми Колеҷи омўзгории шаҳр Муҳаммадалӣ Бобомуродов дар мавзўи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро», донишу маърифат омўзӣ ва интихоби касбу ҳунар андешаҳои худро баён намуд.

Баъдан, маросими савгандёдкунии 10- нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шомил шуда доир гардида, ба аъзоёни тоза интихоб дар вазъияти тантанавӣ Шаҳодатномаҳои аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10- нафар ҷавонони ба сафи ҳизб қабул гардида, Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар ҳамоиш Муроҷиатномаи иштирокчиён таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов ба самъи ҳозирин расонида шуда баъдан аз тарафи иштирокчиёни ҳамоиш Муроҷиатнома якдилона қабул карда шуд.

Дар фарҷом санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилнишин ба ҳамоиш ҳусни тоза зам намуданд. Суруди гурӯҳии “Тоҷикистон ба пеш” бо парафшонии парчамҳои давлатӣ ва ҳизбӣ бо кафкубиҳои иштирокдорон фараҳ бахшид.

Дар давоми рўз раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии раиси шаҳр ва раиси кумитаи иҷроия ба хонадони собиқадори меҳнат ва хизмати давлатӣ, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобораҷаб Бобоев ташриф оварда ўро аёдат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *