Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ТОҶИКИСТОН, МО НИГАҲБОНИ ТУЕМ

Эй Ватан эй ҳадяи бе миннати Яздони пок, Ман ба домони намозият ибодат мекунам. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. (Модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) Ватан муқаддастарин вожае аст, ки вақте инсон ба забон мегирад камлимаи Модар пеши назар падид меояд.. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост. Ватан дар сарнавишти инсон ва расидан ба орзуҳои нек нақши бориз дорад, зеро агар Ватан озоду обод набошад ҳеҷ шаҳрвандаш зиндагии хуб дошта наметавонад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!». Ҷавононро мебояд, ки аз мактаби наслҳои калонсол, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини мо ҷавонон бошад. Халқи тоҷик аз шумораи он халқиятҳое ҳаст, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳасти он ҷонисорӣ мекунад. Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тулии ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо душманони миллат ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд. Имрӯз хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Дар роҳи расидан ба ин сарзамини аҷдоди ҳазорон нафар шаҳидгаштаву ҳазорони дигар бедарак шудаанд. Соаташ расидааст, ки мо ҷавонони саодатманду хушиқболи ватанро зарураст ин биҳишти заминиро соҳиби кунем ва нагузорем, ки аҷнабие ба рӯи оинаи миллати мо санге занад. Ба рағми душманони нотавони ин Ватан, Ватанро дӯст бояд дошт, Ба ишқаш содиқ бояд буд. Ба хасу хори Ватан Ошиқ бояд буд… ВАТАНРО ДӮСТ БОЯД ДОШТ ! Шириншоҳ Нуруллоев – Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *