Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД

              Субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент  бахшида ба Рӯзӣ Парчам мизи гирд таҳти унвони  “Парчам  рамзи сарбаландӣ “ бо иштироки мудири шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Саид Юнусиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  Ҳамзира Замонова , роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ Шириншоҳ Нуруллоев ва  дректорони муассисаҳои таълимии шаҳр, донишҷӯёни ДОТ ва хонандагони МТМУ№ 15  дар якҷоягӣ бо кормандони илмии осорхона  баргузор гардид.

         Дар  оғоз намояндаи мақомати иҷроия Саид Юнусиён  оид ба таърихи қабули парчам андеша ронда,  парфишонии парчамро  рамзи  давлатдорӣ ва истиқлолоияти сартосарии Тоҷикистон номид.

            Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳамзира Замонова  сухан ронда, аз  таърихи пйдоиши парчами тоҷикон  то ба имрӯз маълумот дод.

            Мавсуф қайд намуд, ки  “тоҷикон аз  давраҳои қадим то ба имрӯз соҳиби парчам буда,  рисолати давлатдории хешро дар назди насли сарбаланди худ бо дарки хештаншиносӣ   иҷро кардаанд”

     Фазои     мизи мудавварро   қироати шеърҳои хонандагон боз рангоранг  намуд.

                   Ин нишаст хело хотирмон сурат гирифт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *