Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Хониши сиёсӣ: Иҷлосияи тақдирсоз

                

          Имрӯз  тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон” хониши сиёсӣ баргузор шуд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар онҳо иштирок намуда, сухан карданд.

          Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён дар бораи нақш ва ҷойгоҳи  ин Иҷлосия, ки имсол ба баргузориаш  30- сол сипарӣ мешавад, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев сухан карда, таъкид намуд, ки маҳз дар ин Иҷлосия ба раванди сулҳ ва ваҳдати миллӣ ибтидо гузошта, низоми давлатдорӣ эҳё карда, фарзанди фарзонаи миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарварии давлат интихоб карда шуданд.

          Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия  Мавлуда Тоҷиева ва раиси Шурои собиқадорони ҳизби   Кумитаи иҷроия Ҳамида Холова ин маъниро ба ҳизбиёни беморхонаи кӯдакон ва Маркази шаҳрии мубориза бо ВНМО шарҳу тафсир намуданд.

          Рӯзи хониши сиёсӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ дар сатҳи баданд, бо иштироки доираи васеи ҳизбиён доир шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *