Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Хушунат ва омилҳои он.

 Пойдевори устувории давлат аз оила манша мегирад.Оила машъалае ба каф,зеро ягонагию якдили дар он сутуни асоси ба хисоб меравад.Дар барпо намудани оила, танхо нигох ва фарзанддори накши асосиро намегузорад,зеро тахкиму мустахкамии он ба муносибати тарафайн вобаста аст. Барои содикона ва човидона пойдору абадии оила,хатман аз гузашта панд омухт,зеро эшон бо захмату машакатхои зиёд бунёди оиларо пос дошта,намунаи ибрати мо гардидаанд.Зану шавхар маслихати якдигаро дастгири намоянд ва аз шахду ширинихои хаёт бархурдор гарданд.Аксар вакт мушохидахо нишон медиханд,ки нобаробари дар оила сабаби хушунаду зуровари мегардад. Дар чомеаи имруза мартабаи зан хело болост,мувофикахои амалкунандаи имруза дар Чумхурии Точикистон хукуки баробариро дар амал тадбик менамояд.Занон дар радифи мардон комилхукуканд. Зиндаги албата якмарому якзайл нест. Ба пастиву баландихои рузгор нигох накарда ,занхои мо бовафову бомехр,зиндагони мекунанд. Дар баъзе оилахо,бо баробари нофахмихо,бонувон зери фишор карор доранд.Ин моро андешаманд мегардонад:Чаро дидаву дониста дар зиндаги ва рузгордори бархе аз мардони мо хукуки занро паймол мекунанд?Ин гуна зарбахо сабабгори вайрон гардидани тарбияи фарзандон мешавад.Кудак дар мухити оила оромиву хушхолиро намебинед,зинру дар чамъият худро дур аз маънавиёт хисоб мекунанд.Холати рухиву равониаш коста гардида,фикру акидаи тозаю солими худро ба хар гуна корхои ношоиста банд мекунад.Вакте ки модари худро зери мушту лагад мебинад,эхсоси бадбини дар акидааш накш мегузорад. Дар оилахое муносибати зану шавхар зуд- зуд бахсу мунозирахоро ба вучуд меорад,бо хар бахонаи ночиз чангу чангчол,таънаю маломат,ба сари зан меборад.То чое мерасад,ки ходисахои худкуши ва суикасд ба чони худро рохи халоси медонанд. Мутобики моддаи 109 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон ба худкуши расонидани як шахс аз чониби шахси дигар чиноят ба хисоб меравад.Бо ин гуна ходисахо борхо рубару мегардем ,ки бисёри аз ин гуна холатхо бечазо мемонанд,яъне шахси чабркарда ,гунахкор бе чазо мемонад.Агар дакиктар бигуем,бештари вакт холати худкуши даст задание шахрвандон пушида мемонад,мантикан то чизе ё касе боис нагардад,касе худро аз хаёт махрум намесозад.Ин гуна хаводис дар доираи оила,чангу чангчолхои оилави рух медиханд,ахли оила ва гоххо худи чабркарда хам аз карда пушаймон шуда ,намехоханд то сири оилави аз остонаи дар берун равад. Дар хуни бархе мардони точик ҷоҳилият ҷой дорад.Аслан гирем инчо хуруфоти дини ки ба дин хеч дахл надорад, баробархуки риоя намешавад.Зани точик хамеша назди шавхар ба хотири пойдории оила ,хама чабру ситами ноадолатонаро тахамул мекунад ва мард аз ин хомушии зан суйистеъмол мекунад.Зан бояд часорат дошта бошад ва аз хукукхои худ огох бошад.Зан модар, бояд навобаста ба хар гуна вазъият хирад, маърифаташро нигох доштани фазои оилавиро бештар ба кор барад,то нигохдорандаи шулаи хонавода бошад. Мард хамеша занро эхтиром намояд,самимона дуст дорад,ба шодиаш шарик гардад, зеро хасосияти зан ин сарчашмаи кудрати уст. Як дигарро дуст доред. Яҳёева Миҷгона Раиси Шӯрои занони Литсейи Касбии Техникӣ дар шаҳри Панҷакент Аъзои фаъоли ҳизб

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *